Ссылки доступа

Дар эътирозҳои зидди пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон сад касро боздошт карданд


Бештар аз 100 касро дар эътирозҳои зидди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Гюмрии Арманистон боздошт карданд. Дар ин бора ташкилкунандаи эътирозҳо - ҳаракати сиёсии "Қутби миллии демократӣ" хабар дод.

Эътирозгарон роҳи мошингарди назди пойгоҳи низомии Русияро бастанд ва шиори "Роҳбандӣ ба хотири роҳкушоӣ" сар доданд. Онҳо талаб карданд, ки неруҳои посдори сулҳи Русия роҳи мошингарди долони Лочинро ба сӯи Қарабоғи Куҳӣ боз кунанд.

Эътирозгарон гуфтанд, агар неруҳои посдори сулҳи Русия барои кушодани роҳ талош накунанд, эътирозгарон онҳоро "ғосиб" меноманд. "Мо ба тамоми дунё нишон медиҳем, ки Арманистон, ба вижа Артсах (Қарабоғи Куҳӣ) аз сӯи пойгоҳи 102-уми артиши Русия ғасб шудааст", - гуфт Ваге Гаспарян, узви шӯрои ҳаракати "Қутби миллии демократӣ".

Долони Лочин - ягона роҳест, ки Қарабоғи Куҳиро бо Арманистон пайванд медиҳад. Бино ба шартҳои созиш байни Арманистон ва Озарбойҷон баъди хатми ҷанг дар соли 2022, ноҳияи Лочин таҳти назорати Боку даромад ва долони Лочин таҳти назорати неруҳои посдори сулҳи Русия.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2022 фаъолони озарбойҷонӣ ин роҳро бастанд. Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, онҳое ки роҳро бастаанд, фаъолони муҳитзистӣ ҳастанд ва онҳо дар эътироз ба истихроҷи захираҳои табиии Қарабоғи Куҳӣ аз сӯи Арманистон роҳро бастаанд.

Ереван мегӯяд, баъди баста шудани долони Лочин ирсоли маҳсулоти ғизоӣ ба Қарабоғи Куҳӣ қатъ гардида, минтақа ба буҳрони башарӣ наздик омадааст. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян неруҳои посдори сулҳи Русияро дар беамалӣ айбдор кард.

XS
SM
MD
LG