Ссылки доступа

Калонтарин растании дунё дар Австралия кашф шуд


Олимон дар соҳили ғарбии Австралия обсабзеро пайдо карданд, ки 200 километри мураббаъ паҳноӣ дорад. Ин калонтарин растанӣ дар дунё дониста мешавад. Растании мазкур 465 маротиба калонтар аз растаниест, ки пештар ҳамчун калонтарин растанӣ кашф шуда буд. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар медиҳад.

Муҳаққиқон намунаи обсабзи Posidonia australis-ро аз қисматҳои мухталифи соҳили ғарбии Австралия барои озмоиш гирифтанд. Бо омӯзиши рамзи генетикӣ олимон ба хулоса расиданд, ки намунаҳо ба як растанӣ тааллуқ доранд.

"Ин дусад километри мураббаъ, эҳтимолан, аз як ниҳол сабзидааст", - хулоса кард Ҷейн Эҷлоу, аз Донишгоҳи Ғарбии Австралия, ки дар пажуҳиш иштирок дошт.

Обсабзи кашфшуда тақрибан 4500 сол доштааст.

Калонтарин растание, ки пештар кашф шуда буд, дар ҷангали Пандои аёлати Ютаи ИМА руста аст. Ин растанӣ 0,43 километри мураббаъ паҳноӣ дошт.

XS
SM
MD
LG