Ссылки доступа

Дар Озарбойҷон беш аз 10 рӯзноманигору мухолиф боздошт шуд


Полиция у входа в редакцию Toplum TV, Баку, 6 марта 2024
Полиция у входа в редакцию Toplum TV, Баку, 6 марта 2024

Рӯзи чаҳоршанбеи 6 март дар Озарбойҷон 9 рӯзноманигори марбут ба телевизиони ютюбии Toplum TV, инчунин 3 фаъоли мухолифро боздошт карданд. Пеш аз боздошт манзили рӯзноманигорон ва мухолифон бозҷӯӣ шудааст.

Мақомоти Озарбойҷон ин бозҷӯиву боздоштҳоро шарҳ намедиҳанд.

Хадича Исмоил, сармуҳаррири телевизиони Toplum гуфт, намедонад, ки сабаби ин боздоштҳо чӣ будааст. "Мо дар ҳеч ҷинояте даст надоштем ва ҳеч амали ғайриқонуние анҷом надодаем. Ин танҳо иқдоми навбатии ҷараёни таъқибҳо дар кишвар аст", - гуфт Хадича Исмоил.

Toplum TV - телевизиони интернетии мустақил аст. Ба иловаи хабару гузоришҳо ин телевизион дар бораи фасодкорӣ ва помолшавии ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон таҳқиқот нашр мекунад.

Се мухолифи боздоштшуда узви ҳаракати ҷамъиятии "Платформаи III Ҷумҳурӣ" будаанд. Ин ҳаракат маҳдудсозии ҳукумати президент ва гузаштан ба низоми идораи порлумониро талаб мекунад.

Пештар аз ин, аз охири моҳи декабри соли 2023 ба баъд ҳам дар Озарбойҷон ҳудуди 10 рӯзноманигорро боздошт карда буданд. Аксари онҳо кормандони расонаи "Абзас Медиа" буданд.

XS
SM
MD
LG