Ссылки доступа

Дар Белорус барои ҷойгирсозии ҷангҷӯёни "Вагнер" урдугоҳ месозанд


Посетители "ЧВК Вагнер центра"
Посетители "ЧВК Вагнер центра"

Дар Белорус сохтмони урдугоҳҳои иборат аз хаймаҳо барои ҷойгирсозии ҷангҷӯёни ширкати хусусии низомии "Вагнер" шуруъ шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, яке аз чунин урдугоҳҳо дар наздикии шаҳри Осиповичии вилояти Могилёв ҷойгир аст ва барои ҳашт ҳазор ҷангҷӯ пешбинӣ шудааст.

Теъдоди дақиқи чунин урдугоҳҳо хабар дода намешавад.

Шаҳри Осиповичии дар 200-километрии марзи Украина ҷойгир аст.

Баъди талоши ошӯби мусаллаҳонаи ширкати хусусии низомии "Вагнер" рӯзи 25 июн роҳбари худкомаи Белорус Александр Лукашенко бо роҳбари "Вагнер" Евгений Пригожин тамос гирифт. Дар натиҷаи гуфтугӯ Пригожин розӣ шуд, ки "роҳпаймоии адолат"-ашро аз масири Москва боздорад. Он замон сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфта буд, ки "Пригожин ба Белорус меравад". Дар бораи ба Белорус фиристодани неруҳои "Вагнер" хабаре набуд.

Бо ин вуҷуд, дар Русия нуқтаҳои қабули ҷангҷӯёни нав ба сафи "Вагнер" корашонро дубора шуруъ кардаанд. Расонаҳои Русия навиштанд, ки рӯзи душанбеи 26 июн дар шаҳрҳои Новосибирск ва Тюмен чунин нуқтаҳо фаъол буданд.

XS
SM
MD
LG