Ссылки доступа

Рӯзноманигори The Wall Street Journal-ро бо гумони ҷосусӣ дар Русия боздошт карданд


Хадамоти федеролии амнияти Русия хабар дод, ки Эван Гершкович, рӯзноманигори The Wall Street Journal бо гумони ҷосусӣ боздошт шудааст. Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, рӯзноманигор бо дастури ИМА дар бораи яке аз корхонаҳои саноати низомии Русия иттилоъ ҷамъ меовард.

Ибтидои рӯзи 30 март расонаҳо хабар доданд, рӯзноманигоре, ки шаш сол дар Русия кор мекард, ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи ширкати низомии хусусии "Вагнер" дар Екатеринбург нопадид шудааст. Шоми 29 март дар маркази шаҳри Екатеринбург афроди мулкӣ мардеро боздошт ва ба сараш халта кашидаанд. Эҳтимол меравад, марди боздоштшуда Гершкович будааст.

Субҳи 30 март дар бораи вай телеграм-канали ғайрирасмии ҳукумати вилояти Свердлов хабар дод: "Бегоҳ дар Екатеринбург дар воқеъ рӯзноманигори The Wall Street Journal Эван Гершковичро боздошт карданд. Масъала ҷиддист". Нашрияи The Wall Street Journal то кунун боздошти рӯзноманигорашро шарҳ надодааст.

Гершкович ба ҷуз аз The Wall Street Journal бо Agence France-Presse, The Moscow Times ва The New York Times ҳамкорӣ мекард. Охирин гузориши Гершкович дар The Wall Street Journal рӯзи 28 март нашр шуд.

Дар сурати исботи ҷосусӣ Гершковичро метавонанд, аз 12 то 20 сол зиндонӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG