Ссылки доступа

Додгоҳ иттиҳоми қатли омми Исроил дар Ғаззаро баррасӣ мекунад


Додгоҳи байналмилалии СММ дар Гаага баррасии шикоят алайҳи Исроилро бо иттиҳоми қатли омми сокинони навори Ғазза оғоз кард.

Исроилро ба додгоҳ Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ кашидааст.

Хулосаи айбдоркунии Исроил ба қатли ом дар Ғазза аз 80 саҳифа иборат аст. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ талош дорад, то исбот кунад, ки амалҳои Исроил дар навор аз доираи дифои худ берун рафта, нишонаҳои қатли омро доранд. Ҷониби айбдоркунанда фаластинӣ будани аксари кушташудаҳо, кӯчонидани иҷборӣ, қатъи интиқоли маводи ғизоӣ ва маҳдудсозии таваллудро ба далели муҳосираи бемористонҳо ҳамчун далел пешниҳод кардааст.

Қарор аст, намояндаи Исроил дар ин додгоҳ имрӯз, 12 ноябр суханронӣ кунад.

Ҷанг дар навори Ғазза пас аз он оғоз шуд, ки гуруҳи мамнуъ дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ - “Ҳамос” дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил 7 октябри соли гузашта 240 нафарро гаравгон гирифт. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳамла 1200 нафар кушта шудааст. Қисме аз асирон, асосан занону кӯдакон бо фаластиниҳои боздоштшуда, иваз карда шуданд.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар тақрибан се моҳи охир зиёда аз 22 ҳазор фаластинӣ, аксаран занону кӯдакон кушта шуданд. Ин идора зери назорати “Ҳамос” аст.

Аксар кишварҳои ҷаҳон, Исроилро барои қатли мардуми зиёди фаластинӣ танқид мекунанд. Исроил дар посух, “Ҳамос”- ро ба он айбдор мекунад, ки дар байни биноҳои истиқоматии Ғазза ҷой гирифта, мардумро чун сипар истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG