Ин шикоят дар робита ба нақзи эҳтимолии ду конвенсияи байналмилалӣ аз ҷониби Русия - дар бораи мубориза бо маблағгузории терроризм ва аз байн бурдани ҳама гуна табъизи нажодӣ сурат гирифтааст.
Баррасии шикоят рӯзҳои 8, 12 ва 14 июн идома ёфта, сипас додгоҳ дар давоми чанд моҳи оянда ҳукми худро эълом хоҳад кард.
Фиристодаи махсуси Вазорати умури хориҷии Украина Антон Кориневич оғози мурофиаро дар додгоҳи Гаага "авҷи кори шашсола номид". Вай гуфт, ин нахустин парвандаи Украина алайҳи Русия аст, ки ба марҳалаи баррасӣ дар додгоҳи байналмилалӣ мерасад.
Ҷиноятҳое, ки Русия ба онҳо муттаҳам аст, дар солҳои 2014-2015 содир шудаанд. Ба гуфтаи ҳайати Украина дар Гаага, онҳо ҳамчунин василаҳои дигареро низ барои ба ҷавобгарӣ кашидани Русия доранд.
Иҷрои қарори Додгоҳи байналмилалии СММ барои ҳар ду ҷониб ҳатмӣ аст.