Ссылки доступа

Дар шаҳрҳои Аврупо рӯзи 1 май иқдомҳои оммавӣ баргузор шуд


Демонстрация в Косово, 1 мая 2023
Демонстрация в Косово, 1 мая 2023

Дар бисёре аз шаҳрҳои Аврупо рӯзи 1 май иқдомҳои оммавӣ ва намоишҳо баргузор шуд. Аврупоиҳо талаби беҳсозии шароити корӣ ва ислоҳоти низоми иҷтимоиро доранд.

Намоиши калонтарин дар шаҳрҳои Фаронса доир гардид. Фаронсавиҳо зидди ислоҳоти нафақае ҳастанд, ки онро ҳукумат таҳия кардааст. Бино ба ислоҳот, синни нафақа аз 62 ба 64 боло меравад. Танҳо дар шаҳри Порис рӯзи 1 май ҳудуди 550 ҳазор кас даст ба эътироз заданд. Эътирозгарон дуд андохтанд ва сӯи пулис санг заданд. Пулис аз гази ашковар ва "дубинка" истифода кард. Даҳҳо эътирозгарон дар саросари Фаронса боздошт шуд.

Дар Берлини Олмон низ чанд ҳазор кас ба кӯча баромад. Онҳо аз ҳукумат хостанд, сиёсати иҷтимоиро рушд диҳад. Бино ба анъана, рӯзи 1 май чапгароҳо ва ҷонибдорони ҳаракати анархистӣ ба кӯча мебароянд ва одатан бо пулис даргирӣ сурат мегирад. Миёни иштирокдорони иқдоми рӯзи 1 май ҷонибдорони мустақилии Фаластин низ буданд. Онҳо зидди Исроил шиор доданд.

Дар шаҳрҳои дигари Олмон низ роҳпаймоӣ баргузор шуд. Садри аъзамаи Олмон Олаф Шолтс дар назди эътирозгарон дар Коблентсе суханронӣ кард. Вай дар суханрониаш гуфт, ки ҳама гуна меҳнат бояд қадр шавад ва ба боло бурдани тахассус даъват кард. Вай ҳамчунин муҳим будани муҳоҷиронро барои бозори меҳнати Олмон зикр кард.

Наздики 10 ҳазор кас дар иқдомҳои оммавӣ дар Швейтсария ширкат карданд. Онҳо талаби маош ва нафақаи бештарро карданд. Иштирокдорони иқдом маводи тарфгарӣ истифода карданд. Пулис аз гази ашковар ва "дубинка" истифода бурд.

Иқдомҳои оммавӣ рӯзи 1 май дар Испания, Италия, Юнон, Туркия ва дигар кишварҳои аврупоӣ низ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG