Ссылки доступа

Ҳамоишҳои ҳамраъйӣ бо Украина дар як қатор кишварҳо


Дар бештари шаҳрҳои ҷаҳон аз 23 то 26 феврал иқдомҳое ба ҷонибдорӣ аз Украина таҳти унвони "Рушноӣ торикиро мағлуб мекунад" ( #LightWillWinOverDarkness) баргузор карда мешавад.

Ҳамоишҳоро дар шаҳрҳои гуногуни дунё фаъолони ҷамъиятҳои украинӣ ташкил мекунанд. Ҳамоҳангсоз ва ҳамташкилкунандагони ҳамоишҳо Иттиҳодияи ҷамъиятҳои Украина мебошад.

Созмондиҳандагон мегӯянд, "ранги зарду кабуд" бояд ба "торикии путинӣ" ғолиб ояд.

Интизор меравад, дар баъзе аз шаҳрҳо флешмоби "харитаи зиндаи Украина" баргузор карда шавад.

XS
SM
MD
LG