Ссылки доступа

Дар садамаи қатора дар Юнон 32 кас кушта шуд


Смятый вагон пассажирского поезда, Греция, 1 марта 2023 года
Смятый вагон пассажирского поезда, Греция, 1 марта 2023 года

Дар Юнон як қатораи мусофирбар бо суръати баланд ба қатораи боркаш бархурдааст. Дар натиҷа 32 кас кушта, на камтар аз 85 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ин садама нимашабии 28 феврал ба 1 март дар наздикии шаҳри Лариса рух додааст. Қатораи ҳомили 350 мусофир, ки аз шаҳри Афина ба Салоникӣ ҳаракат мекард, бо сабабҳои номаълум дар як хат бо қатораи боркаш қарор гирифтааст.

Дар натиҷаи ин бархурд чаҳор "вагон"-и қатораи мусофирбар аз роҳ баромада, дар чанд "вагон"-и дигар оташ сар задааст. Наздики 250 мусофирро бо автобусҳо ба шаҳри Салоникӣ интиқол додаанд.

Наҷотдиҳандагон ба корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибати садама идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG