Ссылки доступа

Баъди садамаи қатор дар Юнон кормандони роҳҳои оҳан корпартоӣ карданд


На месте столкновения двух поездов погибли десятки пассажиров

Кормандон ва ходимони роҳҳои оҳани Юнон бо нишони эътироз зидди низоми куҳнаи бехатарии роҳҳои оҳан як рӯз корпартоӣ карданд.

То рӯзи панҷшанбеи 2 март теъдоди қурбониёни садамаи ахири қатора дар Юнон ба 60 наздик шуд.

Аъзои иттифоқаи касабаи роҳҳои оҳан гуфтанд, низоми бехатарӣ ба таври бояду шояд кор намекард ва онҳо дар ин бора борҳо хабар дода буданд.

Ба иттилои расонаҳо, якбора дар чанд шаҳри Юнон эътироз сар задааст. Эътирозгарон бо пулис даргир шудаанд.

Дар робита ба садамаи ахир дар Юнон мотами миллии серӯза эълом шуд. Вазири нақлиёти он кишвар рӯзи чаҳоршанбе истеъфо дод.

Бисёре аз маҷмуи 350 мусофири қаторае, ки ба садама дучор шуд, донишҷӯ буданд.

Сарвазири Юнон Кириакос Митсотакис гуфт, эҳтимол дорад, омили инсонӣ боиси садама шуда бошад. Вай гуфт, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG