Ссылки доступа

Мақомоти Гурҷистон: Ҳамаи боздоштшудаҳои гирдиҳамоии ахир раҳо шуданд


В Тбилиси на акциях протеста 7 и 8 марта были задержаны 133 человека
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:54 0:00

В Тбилиси на акциях протеста 7 и 8 марта были задержаны 133 человека

Ҳамаи касоне, ки барои содир кардани қонуншиканиҳои маъмурӣ дар эътирози ахир зидди қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" дар Тифлис боздошт шуда буданд, раҳо шуданд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод.

Дар ҳамин ҳол вазорат хабар намедиҳад, ки оё онҳое ҳам озод шуданд, ки аллакай додгоҳ нисбаташон ҷазои маъмурӣ таъйин кардааст. Вазорат ҳамчунин гуфт, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар мавриди истифодаи хушунат нисбати кормандони пулис идома дорад.

Пештар ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷӣ" ваъдаи бозхонди тарҳи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ"-ро кард ва ҳаракати мардумии "Неруи мардум" изҳороти ҳизбро дар бораи бозхонди тарҳ нашр кард. Дар изҳорот омадааст, ки тарҳи мазкур миёни ҷомеа ихтилоф ангехтааст.

Рӯзҳои 7-ум ва 8-уми март ҳазорон нафар дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон, бар зидди ин қонун эътироз карданд.

Беш аз 60 эътирозгар боздошт шуд ва мақомот гуфтанд, зиёда аз 50 корманди пулис дар беназмиҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Вакилоне, ки тарҳи қонунро пас гирифтанд, дар баёнияе гуфтанд, қонуне, ки дар ҷомеа ихтилоф бармеангезад, лозим нест.

Тазоҳургарон тарҳи қонунро як навъ пиёда кардани сиёсати Русия дар Гурҷистон номидаанд.

XS
SM
MD
LG