Ссылки доступа

Садди нерӯгоҳи Каховскаяи Украина рахна шуд


Садди неругоҳи Каховская дар вилояти Херсони Украина рахна шудааст. Сокинонро аз минтақаҳое, ки эҳтимоли обхезӣ дар онҳо вуҷуд дорад, мекучонанд.

Бино ба яке аз фарзияҳо, садди неругоҳ, ки таҳти назорати неруҳои Русия қарор дошт, тарконида шудааст. Сабаби дигари рахнашавии сад харобиҳое гуфта мешавад, ки қаблан ба миён омада буданд. Ҳар ду ҷониби ҷанг дар рух додани ҳодиса якдигарро муттаҳам мекунанд.

Фармондеҳии фаврии нерӯҳои украинии "Ҷануб" дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки садди неругоҳро низомиёни Русия тарконданд.

Даря Заривна, мушовири раиси дастгоҳи раисҷумҳури Украина гуфтааст, садди неругоҳ бо ҳадафи халалдор кардани ҳамлаҳои ҷавобии Киев тарконида шудааст.

Владимир Леонтев, ки аз сӯи Русия раиси ноҳияи Каховская таъин гаштааст, гуфт, сад дар натиҷаи зарбаҳои шабонаи Украина тахриб шуд. Ба гуфтаи ӯ, имкони барқарорсозии он дигар вуҷуд надорад.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта гуфта буд, тибқи маълумоти дарёфтии онҳо, низомиёни Русия сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Каховскаяро дар вилояти Херсони ин кишвар минагузорӣ кардаанд.

"Мо маълумот дорем, ки террористҳои рус сарбанд ва агрегатҳои нерӯгоҳи Каховскаяро минагузорӣ кардаанд. Ин яке аз иншооти бузурги энергетикӣ аст. Обанбори нерӯгоҳ ҳудуди 18 миллион метри мукааб об дорад. Агар террористони рус ин сарбандро тарконанд, беш аз 80 минтақаи аҳолинишин, бо шумули Херсон зери об мемонанд", - изҳор дошта буд ӯ.​

XS
SM
MD
LG