Ссылки доступа

Дар эътирозҳои Ироқ беш аз 20 кас ҷон бохтааст


Дар натиҷаи задухӯрди ҷонибдорони имоми бонуфузи шиамазҳаби Ироқ Муқтадо Садр ва кормандони интизомӣ дар шаҳри Бағдод беш аз 20 нафар кушта шудаааст.

Пештар телевизиони "Al Arabiya" ва "Associated Press" шумори кушташудаҳоро 15 кас гуфта буданд. "Бар асари тирпарронӣ, гази ашковар ва задухӯрд бо пулис дастикам 15 эътирозгар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаст", - иттилоъ дода буд "Associated Press".

Ба гуфтаи табибони Бағдод, дар тирпарронӣ даҳ эътирозгар кушта шудааст. Хабарнигори "Al Arabiya" иттилоъ додааст, ки дар миёни кушташудагон ду сарбози ироқӣ низ ҳастанд. "Al Hadath" ҳамчунин гузориш медиҳад, ки 350 нафар бар асари тирпарронӣ ва гази ашковар маҷрӯҳ шудааст.

Дар Бағдод қуюди шабона эълом кардаанд.

Буҳрони сиёсӣ дар Ироқ аз моҳи июни имсол, баъди он ки ҷонибдорони Садр таҳрими порлумонро оғоз карданд, идома дорад. Қаблан бо вуҷуди он, ки онҳо дар интихоботи соли гузашта ҷиноҳи аксарияти порлумонӣ буданд, ҳукуматро ташкил карда натавонистанд. Садр хостори баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ шуд ва ҷонибдоронаш ҳафтаҳост ба нишони ҳимоят аз ин талаб тазоҳурот мекунанд.

XS
SM
MD
LG