Ссылки доступа

Индонезия ҳамхобагии беникоҳро ҷиноят эълом кард


Порлумони Индонезия Кодекси нави ҷиноии ин кишварро қабул кард, ки алоқаи ҷинсии бидуни издивоҷ ё худ беникоҳро, аз ҷумла барои сайёҳон манъ мекунад

Тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноии Индонезия, ки барои алоқаи ҷинсии бидуни издивоҷ то як соли зиндонро пешбинӣ мекунад, тамоми ҳизбҳои сиёсии кишвар дастгирӣ карданд.

Мақомот мегӯянд, ҳадафи кодекси нави ҷиноӣ, ки танҳо баъд аз се сол ба иҷро медарояд, "ҳифзи арзишҳои Индонезия" аст. Тибқи кодекс, танҳо волидайн, ҳамсар ё фарзанди гумонбаршудагон метавонанд дар бораи алоқаи ҷинсии ғайриқонунӣ хабар диҳанд.

Зидди қабули кодекси нав дар Индонезия эътирозҳое сурат гирифтанд. Интиқодгарон бар ин назаранд, ки кодекси нав хилофи ислоҳоти либералӣ дар Индонезия аст, ки баъд аз истеъфои генерал Суҳарто дар соли 1998 гузаронида шуд.

XS
SM
MD
LG