Солеҳӣ барои пуштибонӣ аз эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон дар соли 2022 боздошту зиндонӣ шуд.
Ӯ дар таронаҳо ва изҳороташ аз мардуми норозӣ пуштибонӣ мекард.
Додгоҳи олии Эрон дар соли 2023 Тумоҷ Солеҳиро 6 солу 3 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Вале Додгоҳи шаҳри Исфаҳон ҳукмро бозбинӣ ва репсароро ба эъдом маҳкум намуд.
Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон дар моҳи сентябри соли 2022 ва пас аз марги духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ шуруъ шуд.
Ин духтари ҷавон баъди боздошташ ба гумони риоя накардани қонуни ҳиҷоб дар шароити мармуз даргузашт ва ин ҳодиса садҳо ҳазор сокини Эронро ба хашм овард.