Ссылки доступа

Дар Эрон Муҳсин Шакариро ба дор овехтанд


Мақомоти Эрон Муҳсин Шакарӣ, яке аз 11 иштирокчии эътирозҳои оммавии зиддиҳукуматӣ дар он кишварро, ки ба қатл маҳкум шудаанд, эъдом карданд.

Тибқи иттилои Би-би-сӣ, Муҳсин Шакарӣ субҳи 8 декабр ба дор овехта шудааст.

Қаблан Додгоҳи инқилобии Эрон амалҳои ӯро дар ҷараёни эътирозҳои оммавӣ, ки нимаи моҳи сентябр пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола оғоз шуданд, "душманӣ зидди Худо" номида буд.

Шакарӣ 25 сентябри имсол дар бастани роҳе дар шаҳри Теҳрон иштирок ва гӯиё як маъмури низомии гуруҳи "Басиҷ"-ро бо корд захмӣ кардааст. Худи Шакарӣ гуфта буд, ки ӯро баъди "муҳокимаи намоишӣ ва бидуни баррасии қонун" маҳкум ба эъдом кардаанд.

Эътирозу нооромӣ дар Эрон зиёда аз панҷоҳ рӯз боз идома дорад. Ин эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Маҳсо Аминии 22-сола ба иттиҳоми “бадҳиҷобӣ” дастгир шуд ва баъди се рӯз дар ҳоли беҳушӣ даргузашт.

Пайвандони Маҳсо Аминӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки ӯ бар асари латукӯб ҷон бохтааст, вале мақомоти Эрон иддао доранд, ӯ бемор буд.

XS
SM
MD
LG