Ссылки доступа

Ҳазорҳо сокини Исроил зидди ислоҳот дар мақомоти додгоҳӣ тазоҳурот доранд


Ҳазорҳо сокини Исроил зидди гузаронидани ислоҳот дар мақомоти додгоҳии ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд.

"The Times of Israel" иттилоъ додааст, ки эътирозгарон дар даҳҳо шаҳри Исроил роҳҳоро бастанд ва ҳолатҳои задухурди онҳо бо кормандони пулис низ мушоҳида шудааст.

Пулиси Исроил мегӯяд, ҳудуди 20 нафарро барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кардааст.

Тазоҳургарон бар инанд, ки ислоҳот дар мақомоти додгоҳӣ ба Исроил зарари иқтисодӣ меорад. Низомиён борҳо таҳдид карда буданд, ки агар мақомот ислоҳотро шуруъ кунанд, корпартоӣ хоҳанд кард. Онҳо мегӯянд, наметавонанд барои "Исроили ғайридемократӣ" хидмат кунанд.

Анҷумани тиббии Исроил низ "корпартоии ҳушдордиҳанда" эълом кардааст. Интизор меравад, табибони ин кишвар субҳи имрӯз ба нишони эътироз ду соат корпартоӣ кунанд.

Хабаргузории "Kan News" иттилоъ додааст, ки сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу дар пасманзари эътирозҳои густарда бо ҷонибдорон, ҳуқуқшиносон ва маъмурияти раёсати ҷумҳурӣ машваратро барои сабуктар кардани ислоҳот оғоз кардааст. Дар ин гуфтугӯҳо мухолифон иштирок намекунанд.

XS
SM
MD
LG