Ссылки доступа

Дар таркиш дар назди вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар Кобул 20 кас кушта шуд


Охранник "Талибана" на месте взрыва
Охранник "Талибана" на месте взрыва

Дар назди вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар шаҳри Кобул рӯзи 11 январ таркиш рух дод. Ин таркишро маргталабе анҷом дода, дар натиҷа 20 кас кушта шудааст.

Аҳмадулло Муттақӣ, як намояндаи ҳаракати Толибон гуфт, маргталаб мехост, вориди вазорати корҳои хориҷӣ шавад, аммо муҳозиф ӯро манъ кардааст. Маргталаб он замон худро тарконидааст. Рӯзи 11 январ мулоқоти ҳайати Чин дар вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар назар буд.

Моҳи декабри соли 2022 дар Кобул афроди мусаллаҳ меҳмонхонаеро тирборон карданд, ки тоҷирони чинӣ онҷо ҷойгир буданд. Он замон панҷ шаҳрванди Чин маҷруҳ шуданд. Баъди ҳодисаи мазкур бисёре аз сармоягузорони чинӣ гуфтанд, имкони ҳамкорӣ бо Афғонистонро бозбинӣ мекунанд.

Дар моҳи августи соли 2021 ҳукумат дар Афғонистон ба дасти ҳаракати Толибон афтод. Ин ҳаракат дар бисёре аз кишварҳои дунё террористӣ эътироф шудааст. Дар Афғонистон мавҷи хушунатҳо ва терактҳое дар ҳоли афзоиш аст, ки қисме аз онҳоро созмони террористии "Давлати исломӣ" анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG