Гулмира Сатибалдӣ дар тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон, худсарӣ ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ гунаҳкор дониста шудааст.
Додгоҳ ҳамчунин қарор карда, ки дороии Гулмира Сатибалдӣ мусодира карда шавад.
Мадӣ Ботиршоев, ронандаи Сатибалдӣ, ки ӯ низ дар курсӣ айбдорӣ нишаста буд, 9 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Маҳкумшудаҳо худро бегуноҳ номидаанд.
Ин севумин ҳукми додгоҳ нисбат ба Гулмира Сатибалдӣ мебошад. Қаблан додгоҳ ӯро барои азхудкунии амволи дигарон дар шаҳри Қизилорда 8 сол ва барои ташкили одамрабоӣ дар шаҳри Остона 7 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.