Ссылки доступа

Муҳоҷири қарақалпоқистонӣ ба фурӯхтани духтару писараш айбдор мешавад (видео)


Мигрантку из Каракалпакстана обвиняют в Казахстане в продаже собственных детей
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:11 0:00

Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки дар Урали ин кишвар як зани муҳоҷир аз Қарақалпоқистони Узбекистон бо гумони кудакфурӯшӣ дастгир шудааст.

Зан ба он гумонбар мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти пулиси қазоқ, гӯиё ду фарзанди худро ба ду ҷуфт фурӯхтааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ин зан гӯиё бори аввал писари навзоди худро соли 2018 ба як ҷуфт аз Атирау фурӯхтааст. Ӯ соли баъдӣ соҳиби духтарча шуда, вайро низ дар сесолагиаш бар ивази 2,2 ҳазор доллар ба хонаводае аз Урал додааст.

Дугонаи зан гуфтааст, сокини Қарақалпоқистон маҷбур буд, фарзандонашро ба каси дигар диҳад. Зеро онҳо бидуни ақди никоҳ таваллуд шуда буданд ва волидони зан намедонистанд. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷири қарақалпоқистонӣ писарашро бидуни маблағ ба ҷуфти атирауӣ дода буд.

Намояндагони ҷамъияти қарақалпоқистониҳо дар Қазоқистон гуфтанд, давоми ду соли ахир ин чаҳорумин ҳамватани онҳост, ки фарзандони худро ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мефурӯшанд.

XS
SM
MD
LG