Ссылки доступа

Раъйпурсӣ оид ба тағйироти Конститутсияи Қазоқистон баргузоршуда эътироф гардид (видео)


Кумисюни марказии референдуми Қазоқистон гуфт, то соати даҳи шаб (ба вақти Нурсултон)-и 5-уми июн беш 68 дарсади афроди қобили раъй дар овоздиҳӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар иштирок карданд.

Барои эътирофи раъйпурсӣ ҳузури зиёда аз панҷоҳ дарсади мардум кофист.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, аз ҳама бештар сокинон дар вилояти Туркистон ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд.

Овоздиҳандаҳо дар вилояти Алмато камтар ҳозир шудаанд. Ҷое, ки моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳо ва хушунату хунрезӣ буд.

Нозирони мустақил дар бораи қонушиканиҳо дар референдум гузориш доданд.

Ба Қонуни асосии Қазоқистон 56 ислоҳ ворид мешавад.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ин ислоҳот гузаштан аз як низоми "абарпрезидентӣ" ба низоми ҷумҳурии президентии дорои порлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳанда аст.

Мухолифон бовар доранд, ин ислоҳҳо табиати авторитарии ҳукуматро дар Қазоқистон дигар нахоҳад кард.

Коршиносон раъйпурсиро тайёрии Қосимҷомарт Тоқаев ба интихоботи навбатии президентӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG