Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз зарқу барқ андоз меситонанд (видео)


В Казахстане хотят ввести налог на роскошь: его будут платить владельцы дорогих автомобилей и нескольких квартир и домов

Шуруъ аз соли оянда дар Қазоқистон аз зарқу барқ ва шукуҳ андоз хоҳанд ситонид. Дар ин бора вазири иқтисоди Қазоқистон Алибек Куантиров хабар дод.

Ҳаҷми андоз, эҳтимолан, барои касоне, ки ду ва ё зиёда амволи ғайриманқул, мошинҳои гаронбаҳо ва дигар ашёи бошукуҳ доранд, бештар хоҳад буд.

Айни замон дар Қазоқистон ҳаҷми нисбатан ками андоз аз даромад мавҷуд аст. Ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз ҳаҷми даромадаш вазифадор аст, ки 10% андоз супорад. Ин яке аз камтарин ҳаҷми андоз дар дунёст. Ба иловаи 12 дарсади андоз аз арзиши иловашуда, ки низ андози гароне ба ҳисоб намеравад. Коршиносон мегӯянд, ситонидани андоз аз зарқу барқу шукуҳ метавонад, нобаробариро дар ҷомеа аз байн барад: маҳз нобаробарӣ боиси шиддати иҷтимоӣ дар Қазоқистон шудааст.

Наздики як сол аст, ки афзоиши андозҳо дар ҷомеаи Қазоқистон баррасӣ мешавад. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2022 президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дастури афзоиши ҳаҷми андозҳоро дода буд.

XS
SM
MD
LG