Ссылки доступа

Қазоқистон як шаҳрванди Русияро боздошт кард


Шаҳрванди Русия Денис Козак, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, дар Қазоқистон дастгир шудааст.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба пулиси Қазоқистон иттилоъ додааст, ки Козак барои навиштани як шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба "сафедкунии оммавии терроризм" гумонбар мешавад.

Шаҳрванди Русия 9 феврали имсол дар Алмато дастгир шудааст. Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ки Козак бо вакили дифоъ таъмин аст. Дар Русия ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG