Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар ин сурат Вашингтон метавонад чи гуна вокуниш кардан ба он таҳдидро бо ҳампаймонҳои худ ошкоро баррасӣ кунад.
Қаблан Тёрнер бо фиристодани номае ба аъзои Конгресс гуфта буд, ки кумитаи зери раҳбарии ӯ дар бораи "имконияти низомии нооромкунанда"-и кишвари хориҷӣ маълумоти махфиеро дар ихтиёр дорад.
CNN бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дод, ки ин маълумот метавонад ба Русия рабт дошта бошад. Ҳамсуҳбатони CNN гуфтаанд, маълумот "хеле ҳасос аст". Яке аз манбаъҳо афзуда, ки маълумот нигаронии шадидиеро ба миён овардааст. Вале ҷузъиёти он ошкор намешавад.
Рӯзноманигори "Politico" Алекс Уорд бо истинод ба се манбаъ дар кумитаи иктишофии Маҷлиси намояндагон навишта, ки аъзои конгресс баъди дарёфти ин маълумот сахт нигаронанд. Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи таҳдид дар дарозмуддат меравад, на буҳрони қарибулвуқуъ.