Ссылки доступа

Дар Қирғизистон низоми овоздиҳии онлайнӣ ҷорӣ карданианд (видео)


Будет ли в Кыргызстане электронное голосование на выборах по образцу России? И почему это проблема?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:29 0:00

Мақомоти Қирғизистон дар пайравӣ аз Русия мехоҳанд, низоми овоздиҳии фосилавии электрониро дар интихобот роҳандозӣ кунанд.

Ба гуфтаи ташаббускорон, ин иқдом ҳисоб ва кори раъйдиҳандагонро осон мекунад. Сокинон метавонанд ба нуқтаи раъйдиҳӣ нарафта, президент ва намояндаи худро дар порлумон тавассути телефони ҳамроҳ ё компютер интихоб кунанд.

Дар бораи тасмими роҳандозии низоми мазкур дар Қирғизистон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар Нуржон Шайлдабекова хабар дод.

"Агар порлумон ва шаҳрвандон низоми раъйдиҳии фосилавии электрониро қабул кунанд, он роҳандозӣ карда мешавад", - изҳор дошт ӯ. Ба гуфтаи вай, ингуна низом соли гузашта дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии Қирғизистон озмоиш шудааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, санҷиши низоми овоздиҳии фосилавии электронӣ дар интихоботи вакилони маҷлиси вилояти Бодканд "натиҷаи хуб" додааст.

XS
SM
MD
LG