Ссылки доступа

Дар Қирғизистон шуруъ аз 5 апрел хидматрасонии кортҳои русии "Мир"-ро қатъ мекунанд


Дар Қирғизистон шуруъ аз 5 апрел хидматрасонии кортҳои бонкии русии "Мир"-ро қатъ мекунанд. Дар ин бора сомонаи низоми пардохтҳои миллии Қирғизистон "Элкарт" хабар медиҳад.

Сабаби ин тасмим таҳримҳои иқтисодие шудаанд, ки вазорати молияи ИМА ба далели ҳамла ба Украина зидди Русия ҷорӣ кардааст.

Кортҳои "Мир"-ро дар Қирғизистон бонкоматҳо дигар қабул нахоҳанд кард ва бо онҳо пардохтҳои онлайниву офлайнӣ анҷом дода нахоҳад шуд. Интиқоли маблағ аз корт ба корти дигар низ дар дохили низоми пардохти Қирғизистон номумкин мегардад.

Пештар аз ин хидматрасониро ба кортҳои "Мир" қариб ҳамаи бонкҳои Арманистон, қисман бонкҳои Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Ветнам ва Туркия, инчнуни низомҳои Samsung Pay ва Apple Pay қатъ карда буданд.

Олга Скоробогатова, муовини раиси Бонки марказии Русия гуфт, Бонки марказӣ роҳҳалҳои хидматрасонӣ ба кортҳои "Мир"-ро дар хориҷ аз Русия ҷустуҷӯ дорад.

XS
SM
MD
LG