Ссылки доступа

Як қисми кормандони коти тилои Қирғизистонро берун бароварданд


Лағжиши паҳлуҳои чоҳи марказии кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон бар асари таркиш шиддат гирифтааст. Ҳамаи коргарон ва техникаҳоро аз майдон берун бурдаанд.

В Кыргызстане с рудника "Кумтор" эвакуировали часть персонала из-за угрозы схода породы
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:21 0:00

Корҳо танҳо дар як минтақаи кон қатъ шуда, дар минтақаҳои дигар ба таври муқаррарӣ идома доранд. Барои муайян кардани сабабҳои вазъи кон бо дастури раиси Девони вазирони Кирғизистон Оқилбек Жапаров комиссияи байниидоравӣ ташкил карда шуда буд. Аммо аз замони таъсиси ин гуруҳ се ҳафта гузаштааст, то ҳол сабабҳои ҳодиса муайян нашудаанд.

"Ҳоло мо сабабҳои лағжиш дар ин минтақаро муайян карда истодаем. Мутахассисон кор мекунанд. Дар соли 2002 дар ин девор аллакай таркишҳо ва ҷунбишҳо мушоҳида шуда буд", - гуфтааст Алмос Чомокеев, мудири шӯъбаи истихроҷи маъданҳои ширкати "Қумтор Голд".

Қумтор - калонтарин кони тилои Қумтор аст, ки ҳамасола аз он то 15-17 тона тило истихроҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG