Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон иҷозатномаи кори хабарнигорони "Азаттик"-ро бекор кард


Порлумони Қирғизистон иҷозатномаи кори хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа"-ро бекор кард.

Дар порлумони Қирғизистон хабар доданд, ки ин тасмим дар асоси қарори вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон дар бораи маҳдудсозии сомонаи "Азаттик Медиа" барои ду моҳ, гирифта шудааст.

Пештар аз ин "Биринчи Радио"-и НТРК ва телевизиони НТС дар Қирғизистон бозпахши барномаҳои бахши қирғизии Радиои Озодиро қатъ карданд. "Биринчи Радио" аз 23 октябр чунин тасмим гирифта, сабабҳояшро нуқси техникӣ унвон кардааст.

Шуруъ аз 13 ноябр НТС ва радиои "Санжира" дар Қирғизистон низ бозпахши барномаҳои Радиои Озодиро қатъ карданд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз телевизиони НТС расман хост, ки сабабҳои қатъи бозпахши барномаҳоро шарҳ диҳад.

Айдай Ивакова, роҳбари НТС шоми 13 ноябр гуфт, ки "то замони ҳал шудани масъал бо мақомот, аз бозпахши барномаҳои Радиои Озодӣ худдорӣ мекунанд".

Барномаҳои шомгоҳӣ ва пагоҳии Радиои Озодӣ дар радиои "Санжира" аз соли 2018 ба ин ҷониб пахш мешуданд. Чанде аз барномаҳои видеоии Радиои Озодӣ дар телевзиони НТС нашр мешуданд.

Рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ маҳдуд кард.

Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро ҳамчун таъқиби озодии расонаҳо унвон кард.

Рӯзи 31 октябр "ДемирБонк"-и Қирғизистон хабар дод, ки суратҳисобҳои бонкии Радиои Озодиро дар ин он кишвар бастааст.

XS
SM
MD
LG