Ссылки доступа

Намояндагони 40 кишвар нақшаи бозсозии Украинаро баррасӣ мекунанд


Ҳайатҳои дастикам 40 кишвар, созмонҳои байнулмилалӣ ва соҳибкорон дар конфронсе, ки рӯзи душанбе дар Луганои Швейтсария оғоз шуд, роҳҳои асосии бозсозии баъдиҷангии Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои хабаргузории "Франс пресс", конфронс танҳо ба ҷамъоварии кумакҳо бахшида нахоҳад шуд. Иштирокдорон роҳҳои асосии бозсозии Украинаро, ки бояд пеш аз хатми ҷанг оғоз шавад, ҷустуҷӯ мекунанд. Сухан аз "нақшаи Маршал"-барномаи ҳамсони барқарорсозии Аврупо баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум меравад.

Украинаро дар конфронс раиси ҳукумат ва вазири умури хориҷии он кишвар -- Денис Шмихал ва Дмитрий Кулебӣ намояндагӣ мекунанд. Президенти Украина Владимир Зеленский дар ҳамоиш онлайнӣ иштирок хоҳад кард. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ҳам дар конфронс иштирок мекунад.

Ба гуфтаи манобеи "Франс Пресс", Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қасд дорад, барои сармоягузории бозсозии Украина як фонди нав таъсис диҳад. Он метавонад аз аъзои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари ҷаҳон тақрибан 100 миллиард евро ҷамъ намояд.

XS
SM
MD
LG