Ссылки доступа

Қатли чор фаъоли демократӣ дар Мянмар


Казненные в Мьянме активисты Фио Зейя Тоу и Чжо Мин Ю

Матбуоти давлатии Мянмар рӯзи 25-уми июл гуфт, ки хунтаи ҳоким дар ин кишвар чор фаъоли демократиро бо иттиҳоми хушунат ба дор овехт.

Ин ҳодиса маҳкумияти ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард. Бо вуҷуди ин ки ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ аз мақомоти Мянмар хостанд, ки ба ҳеҷ сурат ба қатли фаъолон роҳ надиҳад, ҳукми марг иҷро шуд ва ин аввалин чунин ҳодиса дар тахминан 50 соли охир будааст.

Дар миёни қатлшудаҳо Ко Пйо Зейя То, як вакили собиқи маҷлис аз ҳизби раҳбари барканоршуда Аун Сансуҷӣ, фаъоли демократӣ Чжо Мин Ю Ко мебошанд. Ду нафари дигаре, ки қатл шуданд, дар куштори зане айбдор дониста шуданд, ки гӯё як хабаррасони хунта дар Янгон будааст. Ҳамаи ин чор нафар дар кӯмак ба ҷангиёни мухолифи артиш муттаҳам дониста шуданд.

Артиш порсол дар кудато ширкат дошт ва аз роҳи хушунату хунрезӣ мухолифонро саркӯб кард. Ба иттилои Анҷумани кӯмак ба маҳбусони сиёсӣ, аз соли гузашта ба ин сӯ дар Мянмар 2100 нафар кушта шуд.

Қатлҳои фаъолонро созмонҳои байналмилаии ҳомии ҳуқуқи башар - Amnesty International ва Human Rights Watch, инчунин гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон Том Эндрюс маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG