Ссылки доступа

Дар Москва муҳоҷиронро ба ҷанги Украина даъват мекунанд


Дар шаҳри Москваи Русия муҳоҷиронро ба бастани шартнома барои иштирок дар ҷанги Украина даъват мекунанд.

Расонаи "Sota" бо истинод ба обуначиёни худ хабар додааст, ки варақаҳои таблиғотии иштирок дар ҷанги Украина дар истгоҳи метрои "Выхино" тақсим карда мешуданд.

Ба иттилои манбаъ, шахсоне, ки варақаҳоро тақсим мекарданд, "муҳоҷиронро ҷустуҷӯ доштанд ва пеш аз ҳама, шаҳрвандии онҳоро мепурсиданд". Дар варақае, ки "Sota" нашр кардааст, шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз 18 то 40-сола барои пайвастан ба артиши Русия даъват мешаванд. Номзадҳо, ҳадди ақал бояд маълумоти синфи 9-ро дошта бошанд ва забони русиро хуб донанд.

"Муқовимати муштарак бо фашистон дар Украина дар доираи СПАД", "имкони ба даст овардани таҷрибаи бебаҳои низомӣ" ва "имкони қаҳрамони Русия шудан" аз зумраи бартариҳои хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Русия номида шудааст.

Қаблан чанд ширкати сохтмонии Русия ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки барои корҳои таъмиру бозсозӣ ба Мариупол бираванд. Баъдан муҳоҷироне, ки барои кор ба он ҷо рафта буданд, гуфтанд, танҳо нисфи маоши ваъдашударо мегиранд.

XS
SM
MD
LG