Сергей Собянин, раиси шаҳри Москва бо эъломи бекорсозии амалиёт гуфт, ки чорабинии хатми мактаби хонандагони Москва рӯзи 1 июл баргузор хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ин чорабиниро пештар бекор карда буданд.
Дар ҳолати амалиёти зиддитеррористӣ маҳдудиятҳое, аз ҷумла эҳтимоли бастани кӯчаҳо, кофтукоби воситаҳои нақлиёт дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Москва се пули болои дарёи Оку баста ва дар роҳҳои самти Москва постгоҳ гузоша шуда буд.
Мақомоти вилояти Воронеж низ дар бораи бекорсозии амалиёти зиддитеррористӣ хабар доданд.