Ссылки доступа

Дар Покистон 7 рӯзноманигор кушта шудааст


Дар давоми шаш моҳи аввали соли равон дар Покистон 7 рӯзноманигор кушта шудааст, ки баландтарин омор ба ҳисоб меравад.

Одил Ҷавод, корманди ниҳоде, ки кушторҳоро тафтиш мекунад, дар суҳбат бо "The Guardian" гуфтааст, дасти кам се рӯзноманигор барои фаъолияти касбияш кушта шудааст.

Бештари кушторҳо дар маҳалла ва шаҳрҳои хурд сурат гирифтаанд. Ба гуфтаи Ҷавод, ин ҳамлаҳо дар пасманзари "беҷазоии густарда"-и ҷинояткорон анҷом шудаанд.

Созмони ҳомии озодии расонаҳо (Freedom Network) мегӯяд, аз соли 2012 то соли 2022 дар Покистон 53 рӯзноманигор кушта шудааст ва танҳо дар ду ҳолат қотилон ҷазо гирифтаанд.

Покистон дар раддабандии имсолаи озодии расонаҳо - Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот ду зина поин рафта, дар миёни 180 кишвар мақоми 152-умро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG