Ссылки доступа

Паралимпиадаи Порис ба поён расид


Дар шаҳри Пориси Фаронса маросими пӯшидашавии Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ, ки аз 28 август то 8 сентябр ҷараён доштанд, баргузор шуд.

Дар бозиҳои паралимпии имсола Чин аз рӯи ҳисоби медалҳо мақоми аввалро касб кард. Варзишкорони ин кишвар 220 медал (94 тило) ба даст оварданд.

ИМА ва Бритониё мутаносибан мақомҳои дувум ва севумро касб карданд. Варзишкорони русиягӣ, ки дар мақоми бетараф қарор доштанд, соҳиби 64 медал, аз ҷумла 20 тило шуданд.

Паралимпиада бузургтарин чорабинии варзишӣ барои маъюбон мебошад. Он соли 1948 аз ҷониби невропатологи олмонӣ Людвиг Гуттман таъсис ёфтааст, ки соли 1939 аз Олмони фашистӣ ба Бритониё фирор кардааст. Мусобиқа соли 1960 номи расмии Бозиҳои Паралимпиро гирифт. Аз он замон то инҷониб онҳо дар чаҳор сол як маротиба, аз соли 1988 дар ҳамон ҷое, ки Олимпиада баргузор мешавад, доир мегарданд.

XS
SM
MD
LG