Қурбонов то 9 июли имсол ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ӯ дар додгоҳ иқрор кардааст, ки пушти фармони автобусе, ки тормозаш нуқс дошт, нишастааст. Ронанда аз наздикон ваа буд, ки пайвандони қурбониҳо узр хостааст.
Автобуси таҳти идораи Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия 10 май ба дарёи Мойкаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия афтод. Қурбонов дар пурсиши аввалия гуфта буд, ки тормози мошин аз кор баромад.
Шоҳидон гуфтанд, ки Қурбонов аввал шуда аз дохили мошин берун шуд ва талош кард дар боми автобус як даричаро боз кунад, вале натавонист. Ин даричаро раҳгузароне боз карданд, ки дохили об шуданд.
Ҳамсари ин ронанда ба ТВ 78 гуфтааст, ки як рӯз пеш аз ин ҳодиса шавҳараш як шабонарӯз кор карда, фақат панҷ соат хобида буд.
Дар ширкати ООО «Такси» гуфтанд, ки автобус аз санҷиши техникӣ гузашта ва таъмир шуда буд. Кумитаи тафтишот парвандаи ҷиноиро аз рӯи моддаи «хидматрасоние, ки ба бехатарӣ ҷавобгӯ нест» боз кардааст.