Ссылки доступа

Дар Лаҳистон расонаҳои давлатиро барҳам медиҳанд


Полицейское оцепление у здания польского телевидения, Варшава
Полицейское оцепление у здания польского телевидения, Варшава

Дар Лаҳистон раванди барҳамдиҳии телевизион, радио ва хабаргузориҳои давлатӣ шуруъ шудааст.

Пештар аз ин ҳукумати нави Доналд Туск гуфта буд, ки дар ҳашт соли ахир расонаҳои давлатӣ ба воситаи таблиғоти ҳизби ҳокими "Ҳуқуқ ва адолат" табдил шудаанд.

Расонаҳои Лаҳистон менависанд, расонаҳои давлатӣ барҳам дода нахоҳанд шуд ва танҳо аз зери таъсири ҳизби "Ҳуқуқ ва адолат" берун оварда мешаванд. Ин тахминҳоро вазорати фарҳанги Лаҳистон ба таври ғайри мустақим тасдиқ кардааст.

Эътилофи бо роҳбарии Туск ваъда дод, расонаҳои наве таъсис медиҳад, ки иттилои дорои тавозун таҳия ва нашр хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG