Ссылки доступа

Дар Русия эҳтимол аст, афви муҳоҷирон сурат гирад


Русия эҳтимол муҳоҷиронеро, ки қонунгузории ин кишварро дар соҳаи кор ва муҳоҷират нақз кардаанд, афв кунад.

Нашрияи “Коммерсантъ” навишта, ки ин масъала дар доираи омодагиҳо барои роҳандозии феҳристи ягонаи муҳоҷироне, ки муҳлати санадҳояшон ба поён расидааст ё бояд аз Русия ихроҷ шаванд, баррасӣ мешавад.

Феҳристи шахсони таҳти назорат дар Русия бояд соли 2025 фаъол шавад ва он бар асоси маҷмуи қонунҳое роҳандозӣ мешавад, ки ахиран дар Русия қабул карда шуданд.

"Якбора ворид кардани номи ҳамаи қоидавайронкунҳо ба пойгоҳ номумкин аст. Ҳеч гуна зербиноӣ ингуна тавонмандиро надорад", - изҳор дошааст намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷаласаи ҳукуматӣ дар бораи сиёсати муҳоҷират.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой гуфтааст, "хуб мешуд, муҳоҷироне, ки ҷиноятҳои нисбатан сабук анҷом додаанд, афв карда шаванд".

XS
SM
MD
LG