Ссылки доступа

Боздошти блогери тоҷик Салмон Ҷумъабой дар Русия


Кумитаи тафтишотии Русия ба зидди як блогер аз Тоҷикистон ба гумони "барангехтани бадбинӣ ва паст задани шаъну шараф" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Салмон Ҷумъабойро дар шаҳри Маскави Русия дастгир карданд.

Ба иттилои тафтишот, Салмон Ҷумъабой "дар пайи муносибатҳои душманона бо як гурӯҳ аз шаҳрвандони Русия" навореро бо нишонаҳои "таҳқири шаъну шарафи духтарони дорои чеҳраи славянӣ" таҳия карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст.

Саҳифаҳои "Осторожно, новости" ва "Shot" дар Телеграм навиштаанд, ки блогер ин наворро моҳи декабри соли гузашта нашр карда, дар он гуфтааст, "ба зудӣ ҳамаи духтарони рус аз мо мешаванд".

Ин навор дар баъзе аз гурӯҳҳои шабакаи Телеграм вокуниши зиёд ба бор овард.

Худи блогер мегӯяд, садо ба ӯ тааллуқ надорад ва дар давоми кори худ ба касе бадӣ ё ба ангехтани бадбинии миллӣ даъват накардааст.

Аз ин пеш раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин, дастур дод, ки наворҳои ба гуфтаи ӯ “таҳқиромез ва бадномкунанда”-ро дар бораи духтарони рус бисанҷанд. Ӯ аз касе ном набурд.

Мавқеи Тоҷикистон дар ин бора маълум нест. Мавридҳои боздошту муҷозоти блогерон ва зодаҳои Тоҷикистон барои нашру паҳнсозии аксу наворҳои ҷанҷолӣ дар Русия дар гузашта ҳам буданд.

Ду сол пеш Додгоҳе дар пойтахти Русия блогери тоҷик ва иштирокдори “пранк” ё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав - Кароматулло Ҷабборовро ба ду солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум кард.

Блогери дигари тоҷик Руслан Бобиев (Талабҷон Муродҷонзода) барои аксҳои ҷанҷолӣ дар назди калисои Василийи Муқаддас дар Маскав 10 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG