Нерӯҳои амниятӣ он муҳоҷиронеро, ки ба мусофиркашӣ машғуланд, на танҳо боздошту бозпурсӣ мекунанд, балки бо сагҳо мошинашро ҳам мекобанд.
Сабаби пурзӯр шудани назоратро муҳоҷирон ба гаравгонгирӣ дар маҳбаси Волгоград рабт медиҳанд.
Ба гуфтаи мақомоти Русия дар гаравгонгирии рӯзи 23-юми август дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград ду шаҳрванди Узбекистон ҳам ширкат доштанд. Дар аввал аз онҳо Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов ном бурданд. Модари Темур Ҳусейнов рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, маълумоти паҳншуда дар бораи писараш, аз ҷумла зиндонӣ будани ӯ дар маҳбаси Суровикино, дуруст аст, аммо дар навору аксҳо худаш нест.
Дертар манбаъҳои наздик ба мақомоти амниятии Русия, бавижа саҳифаи "База" дар Телеграм, навиштанд, ки номи шаҳрвандони Узбекистон – Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов – ба таври иштибоҳӣ дар пайванд ба ҳодисаи Волгоград нашру паҳн шудааст. Онҳо гуфтанд, ширкатдорони дигари ин воқеа Шобдулкаримхон Каримов аз Тоҷикистон ва Шоҳиҷахон Сайфиев аз Узбекистон ҳастанд.
Мақомоти Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ҳодисаи хунин дар зиндон ба зиндагии муҳоҷирон дар Русия таъсири манфӣ мегузорад ва онҳоро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунанд.