Ссылки доступа

Додгоҳи Русия ҳукми зиндони сухангӯи "Фейсбук"-ро дар ғайбаш эълом кард


Додгоҳи ҳавзаи дувуми низомии ғарбии Русия сухангӯи ширкати "Meta" Энди Стоунро дар ғайбаш ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, ки Энди Стоун дар "сафедсозии оммавии терроризм" гунаҳкор дониста шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Стоун 7 соли зиндон талаб карда буд. Вакили дифои гумонбар аз додгоҳ хост, шахси зери ҳимояашро бегуноҳ эълом кунад. Ба гуфтаи ӯ, ташхис нишон дода, ки суханҳои Стоун ба артиши Русия равона нашуда буд. Вакили дифоъ ҳамчунин қайд кард, ки аз болои қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Сӯхангӯи ширкати "Meta"-ро, ки молики шабакаҳои иҷтимоии "Facebook" ва "Instagram" аст, Вазорати умури дохилии Русия тирамоҳи соли гузашта таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дода буд.

Додгоҳи ноҳияи Басмани Москва моҳи феврал ҳукми ҳабси Стоунро дар ғайбаш содир кард.

XS
SM
MD
LG