Нашрияи "The Jerusalem Post" дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки Азиз солҳои ахир "ал-Фурқон"-ро раҳбарӣ мекард.
Дар пайи ин зарбаҳои низомиёни Исроил ба маркази фармондеҳии гуруҳи "Ҳамос" дар мактабҳои "Ҳасан Салам" ва Носир" дар шаҳри Ғазза чанд нафари дигар низ ҷон бохтааст.
Бино ба хабарҳо, азиз гӯиё дар тарҳрезии нақшаи ҳамлаи 7 октябр ба Исроил нақши калидӣ дошта, омодагӣ ва тамрини аъзои гуруҳи "ал-Фурқон"-ро раҳбарӣ мекардааст.
Гуруҳи "Ҳамос" дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом шудааст.