Масъулони корхона дар суҳбат бо Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, "дар ҳоли ҳозир метавонем таъйид кунем, ки 5 ҳамкасби мо фавтидааст. Ҳамкорони маҷрӯҳамон ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд".
Шаби 3 октябр дар кони ба номи Ленини "АрселорМиттал Темиртау" ҳангоми парма кардани чоҳҳо газ хориҷ ва боиси марги 5 коргар шуд. Чаҳор нафари дигар аз газ заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гаштанд.
Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, 106 коргари кон ба ҷои дигар интиқол дода шуданд. Кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои куҳӣ ё сохтмонӣ" тафтишотро оғоз кардаанд.