Ссылки доступа

Сокинони Қалъаи Дӯст бо пули худ беморхона месозанд (видео)


На севере Таджикистана жители села своими силами строят больницу: сейчас в селе нет даже амбулатории.
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:28 0:00

Пас аз чанд соли саргардонӣ ва ҷустуҷӯйи пизишку табобат дар минтақаҳои дигар, сокинони як деҳаи дурдасти Тоҷикистон азм кардаанд, ки худашон беморхона созанд.

Бунёди зоишгоҳ ва шифохонаи наврасон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич бо беш аз 8 миллион сомонӣ шуруъ шудааст. Бахши аввали сармояро асосан муҳоҷирон ва саховатмандони деҳ додаанд.

Аслиддин Тоҷизода, сокини деҳаи Қалъаи Дӯст, гуфт, “ошёнаи аввалаш барои бемориҳои занон ва ошёнаи боло барои табобати наврасони то 12-сола пешбинӣ шудааст. Ин кор бо ташаббуси муҳоҷирони кории мо дар Русия ташкил шуд. Онҳо гуфтанд, корро кунед, пулаш аз ҳисоби мост.”

Ҳоло ин деҳаи дорои беш аз ду ҳазор хонавода ягон ниҳоди тиббӣ надорад. Ҳарчанд бемористонро мардум месозад, онҳо розиянд, ки баъдан ин бино мақоми давлатӣ гирад ва дар он мутахассисони хуби соҳаи тандурустӣ кор кунанд.

“Ҳангоми зоймони келини калониям барф борида буд. Пиёда то нисфи шаб ба беморхона бурдем. На чароғ буду на ягон чизи дигар,” – ба ёд овард Зироат Соҳибова аз деҳаи Қалъаи Дӯст.

Чанде аз сокинон мегӯянд, ба иттилои онҳо дар роҳи ҳамшафати беморхонаву мактаб ду сокини ҳамин деҳ барои бунёди манзил бо қарори раиси ноҳия замин гирифтаанд. Ба андешаи онҳо, дар сурати сохтмони он ба бошандагони деҳ монеаҳои зиёд ба вуҷуд меояд.

Сокинон бо номаи дастҷамъӣ аз рӯи ин қарори мақомоти маҳаллӣ ба додситонии ноҳия муроҷиат кардаанд. Додситонӣ дар ҷавоб кори мақомотро мувофиқ ба меъёрҳои қонунгузорӣ арзёбӣ намудааст. Бо ин вуҷуд сокинон мегӯянд, ба зинаҳои болоии назоратӣ муроҷиат хоҳанд кард.

Иқдоми бунёдкории сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич бори аввал нест. Онҳо дар гузашта бо пули дастаҷамъӣ чанд чоҳи амудӣ кофта, роҳи марказии деҳаро мумфарш кардаанд.

Бархе мақомотро танқид мекунанд, ки пули буҷаро дар чорабиниҳои калони давлатӣ сарф мекунанд ва сокинон ночор роҳу пул ва мактабу шифохонаҳои маҳалли зисташонро бо пули худ месозанд.

XS
SM
MD
LG