"Бо кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ созиши оташбас аз соати 20:00 дақиқаи рӯзи 14 сентябр ҳосил шуд. Умедворем, Озарбойҷон ин созишномаро риоя мекунад", - гуфт котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян.
Вай илова кард, ҳеч санад ва ё созишномае барои имзо бо Озарбойҷон таҳия намешавад.
Сокинони Арманистон ба тазоҳурот баромада, истеъфои сарвазири он кишвар Никол Пашинянро талаб доранд. Пашинян рӯзи 14 сентябр дар порлумон гуфт, санаде имзо мешавад, ки ба кишвари вай "сулҳ ва амнияти устувор"-ро кафолат хоҳад дод.
Баъди ин хабар дар шаҳри Ереван гирдиҳамоӣ ташкил шуд: ҳазорон сокин роҳҳои марказии шаҳрро баста, талоши шикасти дарвозаҳои порлумонро карданд. Ба иттилои расонаҳо, бисёриҳо ин хабари сарвазирро ҳамчун даст кашидан аз даъвои истиқлолхоҳии Қарабоғи Куҳӣ баҳо доданд.
Дар пайи ин эътирозҳо Пашинян ба сокинон муроҷиат ва изҳор дошт, ки тасмим надорад бо Озарбойҷон санаде имзо кунад.
Сарвазири Арманистон ҳангоми суханронӣ дар порлумон ҳамчунин гуфт, ки Ереван барои барқарорсозии тамомияти арзии ин кишвар аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) кӯмак хостааст.
Ба гуфтаи ӯ, Арманистон ба ҷуз аз СПАД, аз Русия низ кӯмаки низомӣ хостааст.
Пашинян афзуда, неруҳои Озарбойҷон дар натиҷаи задухӯрдҳо баъзе аз минтақаҳои Арманистонро тасарруф кардаанд. Дар ин задухӯрдҳо 105 низомии арманӣ кушта шудааст. Аммо ба гуфтаи Пашинян, "дар Арманистон ҳоло зарурати ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ вуҷуд надорад".
Дар ҳамин ҳол, котиботи СПАД хабар додааст, ки як гурӯҳ ба раҳбарии сардори ситоди муштараки созмон, генерал-полковник Анатолий Сидоров рӯзи панҷшанбе, 15 сентябр озими Арманистон хоҳад шуд.
Ҳукумати Арманистон мегӯяд, шаби 12 ба 13-уми сентябр неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон чанд шаҳр ва деҳаи наздимарзиро гулулаборон карданд. Ҷониби Озарбойҷон гуфтааст, ин кор посух ба иғвоандозии тарафи Арманистон буд.
Низои нав миёни Арманистон ва Озарбойҷон тирамоҳи соли 2020 даргирифт. Арманистону Озарбойҷон ду сол қабл бар сари минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт. Бино бар он, арманиҳо қаламравҳоеро, ки 30 соли ахир зери назорати худ доштанд, ба Озарбойҷон доданд. Бар асоси тавофуқ, неруҳои Русия оташбаси миёни Арманистону Озарбойҷонро назорат мекунанд.