Ссылки доступа

Баҳси ҷиноятҳои ҷангии Русия дар Шӯрои СММ


Гутерриш (аз чап) ва Тюрк
Гутерриш (аз чап) ва Тюрк

Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар ҳолатҳои зиёди нақзи ҳуқуқи башарро дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Украина сабт кардааст.

Дар ин бора дабири кулли созмон Антониу Гутерриш ва комиссари олӣ Волкер Тюрк дар дар иҷлосияи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева хабар доданд.

Ҳарду мақоми баландпояи СММ таҷовузи Русияро ба Украина маҳкум карданд. Ба гуфтаи Гутерриш, дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Украина "густардатарин нақзи ҳуқуқи башар дар сайёра" рух додааст.

Вай аз куштори ғайринизомиён, шумори зиёди оворагон ва даҳҳо ҳодисаи хушунати ҷинсии низомиёни Русия алайҳи мардуми осоишта, ки аз ҷониби Идораи Комиссари олии ҳуқуқи башар дар минтақаҳои ишғолии Украина сабт шудааст, ёдовар шуд.

Қарор аст, дар ин ҷаласа раиси Комиссияи таҳқиқи ҳаводиси Украина Эрик Месе гузориш дода, далелҳоеро дар бораи ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангии сарбозони рус пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG