Ссылки доступа

Ғарқшавии садҳо гуреза дар баҳри Миёназамин


Оҷонси федеролии тафтишотии Покистон рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки дар соҳилҳои Юнон 209 покистонӣ ҷон бохтааст. Киштии хурде, ки садҳо паноҳандаро интиқол медод, ҳафтаи гузашта дар баҳри Миёназамин чаппа шудааст.

Хабаргузории "Reuters" бо такя ба наздикони фавтидаҳо навиштааст, ки киштии ҳомили муҳоҷирон аз Либия ба Юнон мерафт.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи чаппа шудани киштӣ 82 кас ҷон бохта, 104 тани дигар наҷот ёфтааст. Дар миёнашон 12 покистонӣ низ ҳаст. Муфаттишон ҳоло шахсияти фавтидаҳоро муайян мекунанд.

Ҳангоми ғарқшавӣ дар дохили киштӣ сатҳо гуреза қарор доштааст. Дар баҳри Миёназамин давоми чанд соли ахир чунин фоҷеаи пурқурбонӣ рух надода буд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар дохили киштӣ 181 покистонӣ ва 28 кашмирӣ қарор дошт. Ба гуфтаи шоҳидон, дар киштӣ, ки 20-30 метр дарозӣ дошт, ҳудуди 400 кас савор буданд.

XS
SM
MD
LG