Ссылки доступа

Дар як тирпарронӣ дар ИМА чанд кас кушта шуд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Дар аёлати амрикоии Вирҷиния дар натиҷаи як тирпарронӣ дар мағозае наздики 10 тан кушта ва чандин тани дигар маҷруҳ шуданд.

Бино ба иттилои пешакӣ, як корманди мағоза тир кушодааст. Вай баъди тирпарронӣ ва қатли чанд одам, худкушӣ кардааст.

Ин ҳодиса рӯзи сешанбе рух дод.

Дар маъмурияти мағозаи Walmart, ки ин ҳодиса онҷо сурат гирифт, гуфтанд, "аз ин фоҷиа "шокӣ" шудаанд".

Ин бори аввал нест, ки дар шабакаи мағозаҳои Walmart тирпарронӣ сурат мегирад. Соли 2019 дар аёлати Техаст дар мағозаи Walmart дар натиҷаи тирпарронӣ 23 кас кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG