Тирпаронӣ нимашаб дар шаҳри Акрони иёлат сурат гирифтааст. Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар маҳалли ҳодиса силоҳ пайдо шудааст. Дар бораи боздошти гумонбаре хабар дода намешавад.
Дар пулиси Акрон гуфтанд, "ҷони бештари захмиҳо дар хатар нест", вале вазъи чанд нафар "вахимтар" мебошад.
Пулис дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани ҳодиса ва шахсияти захмиҳоро ошкор намекунад.
Дар Амрико баҳсҳо барои сахттар кардани назорати силоҳ идома дорад. Танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи тирпарониҳо ҳудуди 40 кас дар ин кишвар кушта шудааст. Президенти ИМА Ҷо Байден борҳо даъват карда, ки қонунгузорӣ дар ин замина бозбинӣ шавад.