Ссылки доступа

Дар натиҷаи фурӯрезии як бино дар Истамбул чанд кас осеб дидааст


Як бинои сеошёна дар шаҳри Истамбули Туркия фурӯрехтааст. Сабабҳои фурӯрезӣ дар ҳоли ҳозир маълум нест.

Шаҳрдори Истамбул Довуд Гюл хабар дод, ки дар ин ҳодиса 7 кас осеб дидааст. Ҳамаи осебдидаҳо ба бемористон интиқол ёфта, вазъи ду нафари онҳо вазнин аст.

Нашрияи туркии «Milliyet» иттилоъ дода, ки дар натиҷаи фурӯрезии бино як кас ҷон бохтааст. Дар маҳалли ҳодиса наҷотдиҳандагон кор мекунанд. Эҳтимол дар зери харобаҳо шахсони дигар низ бошанд.

Сокинони бино, ки соли 1988 бунёд шудааст, гуфтанд, он бояд пештар тахриб мешуд, вале молик натавонистааст сари вақт онҳоро ба ҷои дигар кӯчонад.

XS
SM
MD
LG